Курси таълимӣ

Апрель 19, 2012 16:04

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо ибтикори Агентии оид ба амнияти ядроию радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 то 27 апрел дар шаҳри Душанбе курси таълимии минтақавии кормандони хадамоти сарҳадот ва гумруки Тоҷикистону Афғонистон дар мавзӯи «Усулҳои пайдо намудани манбаъҳои радиоактивӣ дар сарҳад» роҳандозӣ мешавад. Тавре аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни курси таълимии минтақавӣ аз рӯи чунин мавзӯъҳо, монанди хавфи гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва маводи дигари радиоактивӣ, заминаи қонунгузорӣ барои амнияти физикии ядроӣ, хусусияти маводи ядроию радиоактивӣ, гардиши ғайриқонунии маводи ядроию радиоактивӣ, асбобҳои ташхиси гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Апрель 19, 2012 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд