Майдонҳои сунъӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 23 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Федератсияи байналмилалии футбол дар шаҳри Душанбе ва дар дараи Алмосӣ майдонҳои сунъии футболро бунёд мекунад. Дар ин бора дар конфронси матбуотие, ки дар Федератсияи футболи мамлакат баргузор гардид, намояндаи ин ташкилот Давид Боря иттилоъ дод. Ду майдони сунъие, ки дар Тоҷикистон сохта мешавад, ба барномаи «ГОЛ-2» мансуб буда, ҳамчун кӯмаки техникӣ ба ФФТ маънидод мешавад. Аз рӯи ин барнома Тоҷикистон ҳар сол барои равнақи футбол 250 000 доллар қӯмак мегирад ва инчунин дар доираи ин кӯмак сохтани майдонҳои футбол ҳам дар назар аст. «Аз сабаби он, ки арзиши майдонҳо боло рафтаанд, –гуфт Девид Боря, — ФИФА ҳам кӯмаки техникиро барои сохтани ҳар як майдон то 500 000 доллар боло бурд». Сохтмони майдонҳоро дар Тоҷикистон ширкати ҳоландии «Грин Филд» то моҳи октябр ба итмом мерасонад. Бино ба хабари намояндаи ин созмон Валерий Чухрий, ФИФА дар Норак гузаронидани мусобиқаи байналмилалии кӯдакони то 11 соларо бо ширкати дастаҳои мунтахаби кишварҳои ҳамсоя ба нақша гирифтааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






