Маликшо Неъматов: «Аз Искандари Рустам медали тиллоиро интизорем»

Апрель 3, 2012 17:17

Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори дастгоҳи марказии Кумита ба ифтихори Искандари Рустам барои роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва Мавзуна Чориева барои соҳиб шудан ба медали нуқра дар чемпионати Осиё чорабинии тантанавӣ сурат гирифт. Дар чорабинӣ Раиси Кумита Маликшо Неъматов иштирок ва суханронӣ намуда, аз номи Президенти кишвар ва ҳамзамон Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Искандари Рустам 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва ба Мавзуна Чориева 2500 (дуюним ҳазор) сомонӣ тақдим намуд. Неъматов таъкид намуд: мо аз иштироки Искандари Рустам дар Бозиҳои Олимпии Лондон-2012 медали тилло ва аз Мавзуна гирифтани роҳхат ба олимпиадаро интизорем. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 3, 2012 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд