Маъракаи эмгузаронӣ дар Шӯрообод
Кӯлоб, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии фалаҷ, гулӯзиндонак, кирм, сурхча, кабудсулфа ва дигар бемориҳое, ки ба организми кӯдакон ва калонсолон таъсири манфӣ мерасонанд, дар марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон маъракаи эмгузаронӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳия 8 маркази саломатӣ ва 21 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. То ин муддат 1350 нафарро бо доруворӣ таъмин кардаанд. ки аз ин 288 нафарашон кӯдакони аз 1 то 6 сола мебошанд. Дорувории зидди ин бемориҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ сари вақт ройгон таъмин карда мешавад. Масъулини марказ тасмим гирифтаанд имсол ба 4522 кӯдаки аз 3 то 6 сола аз гулӯзиндонак ва сурхча эм гузаронанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






