Марко Полоро кӣ парронд?

Апрель 10, 2012 09:14

Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ Р. Шарипов, дар айни замон шумораи гӯсфандони зоти Марко Поло дар ин минтақаи ҷумҳурӣ 24 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Ҳамасола барои шикори ин ҳайвони нодир танҳо 10 фоиз ё худ беш аз 200 сар иҷозат дода мешавад. Қимати як иҷозатнома-и шикори Марко Поло аз 10 то 12 ҳазор доллари амрикоӣ буда, паррондан ва ба даст овардани ин ғанимат 24 ҳазор долларро ташкил медиҳад.Қӯруқшиканӣ аз мушкилоти асосии соҳа аст. Қӯруқшиканон асосан шаҳрвандони хориҷианд, ки бо роҳҳои назоратнашаванда дар Бадахшон вориди шикоргоҳ гардида ин ҳайвони нодир ва пурарзишро шикор мекунанд. То гузаронидани ислоҳоти сохтор 4 шӯъба ва дар мавсим то 200 нафар коргар фаъолият мекарданд. Дар айни замон ҳамагӣ як шӯъба ва 4 мутахассис кор мекунад, ки наметавонанд тамоми вазъиятро зери назорати худ нигоҳ доранд.Баъзан кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба қонуншиканӣ роҳ дода, гӯсфанди Зоти Марко Полоро шикор мекунанд. Соли 2011 нисбат ба 5 нафар корманди ҳифзи ҳуқуқ барои қӯруқшиканӣ дар шикори Марко Поло парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, бо қарори суд 700 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Апрель 10, 2012 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд