Масъалаҳои МҲҲ муҳокима мешаванд
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 5 – 6 апрел дар шаҳри Душанбе иҷлосияи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсозӣ аз рӯи масъалаҳои мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоии (МҲҲ) назди Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори иҷлосия намояндагони вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Беларус ва Арманистон иштирок хоҳанд кард. Иҷлосияи Кумитаи ҳамоҳангсозӣ таҳти раёсати сарфармондеҳи Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Федератсияи Русия Александр Зелин сурат мегирад. Иштирокдорони иҷлосия беш аз 20 масъалаи марбут ба мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






