Машварат дар ҳузури раиси вилоят

Апрель 24, 2012 14:48

Хоруғ, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар машварате, ки бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, раисони ҷамоатҳои деҳот, директорони мактабҳо ва фаъолони дигар доир гардид, раиси вилоят Қодири Қосим дар мавриди амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳои аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бамиёномада, пиёда намудани барномаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои ободонӣ, иҷрои қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва раиси вилоят оид ба рушду равнақи ҳамаи ҷабҳаҳо сухан кард.Зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, вусъати корҳои ободонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикии ноҳияи Шуғнон натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Ҳамзамон даромади буҷаи ноҳия 12,7 фоизро ташкил медиҳад, ки ин барои як ноҳияи вилоят кифоят намекунад.Саҳми соҳибкорон дар ғанӣ гардонидани буҷаи ноҳия назаррас набуда, ҷараёни андозбандии онҳо дақиқ нест. Бинобар ин беҳбудии ин масъала аз мутасаддиён ташаббусу масъулияти баландро тақозо мекунад.Вазъи саноат дар ноҳияи Шуғнон низ беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад, зеро ноҳия дар ин бахш захираҳои зиёдеро дорост. Имрӯз ягона корхонаи ноҳия — коргоҳи коркарди санги мавзеи Поршнев ҳам қариб фаъолият надорад. Ба гуфтаи раиси вилоят, истифодаи оқилонаи замин дар ноҳия ҷавобгӯи талабот набуда, самараи замини хоҷагиҳои ноҳия кам аст.Дар ҷараёни машварат барои ҷилавгирии нуқсонҳои зикршуда ба мутасаддиёни соҳа супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Апрель 24, 2012 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд