Машварати минтақавӣ баҳри дастгирии Шартномаи Роттердам
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – 12 апрел дар шаҳри Душанбе машварати минтақавӣ баҳри дастгирии тасдиқи Шартномаи Роттердам дар бораи тартиби мувофиқаи саривақтии иттилоотӣ дар мавриди ба фурӯш баровардани моддаҳои хавфноки кимиёвӣ ба кораш шурӯъ намуд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Талбак Салимов зикр намуд, ки Шартномаи Роттердам олати аз нигоҳи ҳуқуқӣ ӯҳдадоркунандаи байналмилалӣ буда, мақсад аз он ҳифзи тандурустии инсон ва муҳити зист мебошад. Шартнома соли 2004 ба мавқеи иҷро расида, ҳоло 146 аъзо дорад.Машварати минтақавӣ то 14 апрел давом мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






