Маскани тарбияи омӯзгорон
Ҳисор, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисор дар таъмини мактабҳои ҷумҳурӣ бо муаллимони варзида саҳми босазо дорад. Омӯзишгоҳ соли 1964 таъсис ёфта ва ҳоло дар он зиёда аз 200 нафар толибилм таҳсил намуда, худро ҳамаҷониба ба таълиму тарбияи насли наврас тайёр менамоянд.Дар омӯзишгоҳ 33 нафар омӯзгори варзида ба таълими донишҷӯён машғуланд. Муаллимони омӯзишгоҳ ба эҷодкорӣ диққати махсус медиҳанд. Аз ҷумла онҳо соли равон шаш дастури таълимию методӣ таҳия намуданд.Тибқи нақшаи кулл бахшида ба 3- ҳазорсолагии тамаддуни Ҳисор омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳия бо бинои нави ҳозиразамон ва хобгоҳ таъмин хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






