Меҳмонхонаи беҳтарини Душанбе кадом аст?
Душанбе, 19 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Меҳмонхонаи «HYATT REGENCY» /Ҳаят Реҷенсӣ/ дар озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» дар шаҳри Душанбе дар бахши меҳмонхонаҳо ҷои якумро сазовор шуда, зинаи дуюми озмун насиби меҳмонхонаи «Тоҷикистон» гардид. Дар раддабандии тарабхонаҳо тарабхонаи «Қанд» ҷои якум ва «Ал-Шамъ» зинаи дуюмро касб карданд. Дар бахши ошхонаи беҳтарин- ошхонаи «Тайга» зинаи якум ва «Озода» зинаи дуюмро соҳиб шуданд. Бояд зикр кард, ки ин озмун бо мақсади ҳавасмандгардонӣ баҳри таъмини сатҳи баланди хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сокинони пойтахт ва ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ будани фаъолияти субъектҳои хоҷагидории хизматрасонӣ ва рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна дар шаҳри Душанбе, робитаи судманд бо сектори хусусӣ ва муҳайё намудани шароити созгор барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ гузаронида шудааст. Ин озмун дар асоси қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир шуд. Интизор меравад дар Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, шаҳрдории Душанбе дар маросими ботантана ба масъулини беҳтарин меҳмонхона, тарабхона ва ошхона Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва диплому ҷоизаҳоро тақдим ҳоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






