Мехоҳед соҳиби 3500 $ гардед? Пас бидавед!
Душанбе, 10 апрел.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- 21 апрели соли 2012 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе сеюмин ниммарафони байналмилалии Душанбе ва Чемпионати Осиё аз рӯи намуди варзиши таэквандо ИТФ гузаронида мешавад. Дар ин хусус Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарори марбута ба имзо расонд. Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим, устувории робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ доранд, ташкил карда мешавад. Сеюмин ниммарафони байналмилалӣ дар масофаи 21км 97 м соати 10 –и 21 апрел оғоз меёбад. Дар чорабинии варзишӣ варзишгарон аз 14 шаҳре, ки бо Душанбе бародаршаҳранд, инчунин аз минтақаҳои мухталифи кишвар беҳтарин варзишгарон(новобаста аз ҷинсият), ки синнашон аз 18 болост, иштирок менамоянд. Варзишгароне, ки зинаи якумро ишғол менамоянд, бо 16 ҳазору 658 сомонӣ (муодили 3 ҳазору 500 доллар), ғолибони зинаи дуюм бо 14 ҳазору 278 сомонӣ ё 3 ҳазор доллар, ғолиби ҷои сеюм бо 11 ҳазору 899 сомонӣ (баробар ба 2 ҳазору 500 доллар), зинаи чорум бо 9 ҳазору 519 сомонӣ ё 200 ҳазор доллар, зинаи панҷум бо 8 ҳазору 567 сомонӣ -1800 доллар ва зинаи шашум бо 7 ҳазору 139 сомонӣ (муодили 1500 доллар) мукофотонида мешаванд. Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар доираи чорабинӣ ҳамзамон байни наврасони аз 8 то 10- сола дар масофаи 3км, аз 10 то 12- сола дар масофаи 5 км ва аз 12 то 15- сола дар масофаи 8 км мусобиқаи дав ташкил карда шуда, бо мукофот қадрдонӣ мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






