Меваҳои шаҳдбори Ҳисор
Ҳисор, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Имрӯзҳо боғпарварони боғи «15 солагии Истиклолият»-и ноҳияи Ҳисор барои рӯёнидани ҳосили фаровони гелос саъю кӯшиш доранд. Маҳсулоти боғи мазкур соли гузашта то дурдастарин кишварҳо, аз ҷумла то Ҷумхурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия содир шуд. Дар дохили ҷумҳурӣ ҳам меваҳои ин боғ харидори зиёд дорад. Умуман соли гузашта зиёда аз 55 тонна гелоси хушлаззати ин боғи зебо харидорони худро ёфта буд. Нахустин ниҳолҳои гелоси боғи «15 солагии Истиклолият» шаш сол пеш шинонида шуда буд. Боиси тазаккур аст, ки чанд ниҳоли аввали ин боғи зеборо дар рӯзҳои нахусти мавсими ниҳолшинонӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва пирону деҳқонони асил шинонида буданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






