Меваи худӣ дар бозорҳои Бадахшон
Хоруғ, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Масоҳати боғҳои навбунёд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сол аз сол васеъ мегардад. Дар ҳошияи татбиқи «Барномаи рушди боғдорӣ дар Бадахшон» даҳ сол аст, ки фасли баҳорон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияю минтақаҳои гуногуни вилоят бозорҳои фурӯши ниҳолу тухмӣ роҳандозӣ мешаванд.Имрӯзҳо бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилоят, бо ҷалби Раёсати ҳифзи муҳити зист ва сохторҳои дигари комплекси кишоварзию саноатӣ дар шаҳру навоҳии вилоят бозорҳои фурӯши ниҳолу тухмӣ кушода шуда, дар онҳо дарахтони себу нок, мурӯд, зардолу, гелосу олуболу, ниҳолҳои ороишӣ гулбутта ва тухмии зироатҳои полезӣ дастраси харидорони сершумор гардонида мешаванд. Агар аз ин пеш меваи тару тоза аз шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Душанбе ва ноҳияҳои дигар ба Бадахшон ворид мегашт, имрӯз бозорҳои вилоятро ҳосили сарпанҷаи боғдорони маҳаллӣ таъмин менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






