Муҳофизи ганҷинаи ниёгон

Апрель 17, 2012 16:33

Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Китобшинос ва феҳристнигори маъруфи тоҷик Абдуллоҷон Юнусов ба синни мубораки 75 қадам ниҳод. Ба ин муносибат дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ин даргоҳи маърифат ва аҳли зиё ҷамъомад баргузор гардид. Соҳибҷашнро бо 75-умин баҳори умр Носирҷон Салимов, директори Китобхонаи миллӣ табрик гуфта, ба Абдуллоҷон Юнусов тандурустӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно кард.  Ҳамзамон дар ҳамоиш ҳамкасбон ва дӯстони ин марди китобшинос ва феҳристнигор доир ба рӯзгори наҷиб ва фаъолияти касбии ӯ сухан карданд. Донишмандон ва муҳаққиқони шинохтаи тоҷик Фарҳод Зикриёев, Ваҳҳоб Воҳидов, Мирзо Муллоаҳмадов, Шариф Комилзода ва дигар шахсиятҳо доир ба роҳи тайнамудаи Абдуллоҷон Юнусов дар бахши китобшиносӣ ва феҳристнигорӣ андешаронӣ намуда, соҳибҷашнро соҳибкитоб, хазинадор ва ҷамъкунандаи ганҷи маърифати ниёгон номиданд. Абдуллоҷон Юнусов дастпарвари факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, 53 сол инҷониб мудирии шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии ҷумҳуриро ба ӯҳда дорад. Мавсуф номзади илмҳои филологист ва беш аз 500 асару мақола чоп намудааст. А. Юнусов дар ҷамъоварии дастхатҳои нодир аз аҳолӣ хизмати шоиста карда, беш аз 50 адад дастури библиографиро доир ба тарғиби осори нобиғаҳои адабиёти тоҷику форс, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва соири саромадони адабиёти классику муосирро таҳия намудааст. Мавриди зикр аст, ки дар шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон 2 ҳазору 369 дастхати нодири мутаалиқ ба асрҳои 13-19 ва 15 ҳазор китоби чопи сангӣ ҳифз ва нигоҳдорӣ мешавад.

Апрель 17, 2012 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд