Муҳокимаи ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҶТ Абосалӣ Ҳасанов бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд. Ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар мавриди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамчунин робитаҳои амалию гуманитариеро, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб менамоянд, мариди муҳокима қарор доданд.Дипломати Озарбойҷон пешниҳод намуд, ки имконияти кушодани роҳи мустақими ҳавоии байни Душанбе ва Боку баррасӣ шавад. Бо ин мақсад тасмим гирифта шуд, ки барои муҳокимаи масъалаи зикршуда мулоқоти роҳбарияти идораҳои ҳавопаймоии хар ду кишвар роҳандозӣ шавад.Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории байни вазоратҳои маорифу фарҳанг аз рӯи масъалаҳои тарбияи мутахассисони тоҷик дар бахши нефту газ, сафари дастаҳои ҳунармандони Тоҷикистону Озарбойҷон ба кишварҳои якдигар баррасӣ шуданд.Маҳмудҷон Собиров диққати сафирро ба масъалаи татбиқи протоколи иҷлосияи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии байни Тоҷикистону Озарбойҷон ҷалб намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






