Муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқҳои инсон
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 25 апрел дар шаҳри Душанбе муколама аз рӯи ҳуқуқҳои инсон байни Тоҷикистону Швейтсария баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ М.Ашӯров, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Сумангул Тағоева, сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев, вакили махсус оид ба сиёсати ҳуқуқҳои инсони Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария Паул Коллер, Сафири Швейтсария дар Тоҷикистон Штефан Нелен, ҳамчунин коршиносон оид ба ҳуқуқҳои инсон иштирок доштанд. Тавре аз дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони муколама доираи васеи масъалаҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода, як қатор қарорҳои мушаххас ва механизмҳои ҳамкориро пешниҳод намуданд.Натиҷаи муколама ва қатъномаи он аз рӯи ҳуқуқҳои инсон байни Тоҷикистону Швейтсария дар нашрияи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ – замимаи махсуси рӯзномаи «Муҳоҷир» чоп мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






