Муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқҳои инсон

Апрель 26, 2012 15:23

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 25 апрел дар шаҳри Душанбе муколама аз рӯи ҳуқуқҳои инсон байни Тоҷикистону Швейтсария баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ М.Ашӯров, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Сумангул Тағоева, сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев, вакили махсус оид ба сиёсати ҳуқуқҳои инсони Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария Паул Коллер, Сафири Швейтсария дар Тоҷикистон Штефан Нелен, ҳамчунин коршиносон оид ба ҳуқуқҳои инсон иштирок доштанд. Тавре аз дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони муколама доираи васеи масъалаҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода, як қатор қарорҳои мушаххас ва механизмҳои ҳамкориро пешниҳод намуданд.Натиҷаи муколама ва қатъномаи он аз рӯи ҳуқуқҳои инсон байни Тоҷикистону Швейтсария дар нашрияи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ – замимаи махсуси рӯзномаи «Муҳоҷир» чоп мешаванд.

Апрель 26, 2012 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад