Муҳокимаи масъалаҳои нашъамандон
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Охири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи корӣ аз рӯи масъалаҳои ошкор намудан ва ба қайд гирифтани нашъамандони Тоҷикистон баргузор гардид. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, дар мулоқот намояндагони вазорату идораҳои манфиатдор, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.Дар мулоқот масъалаҳои аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятии минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ошкор намудан ва ба қайд гирифтани нашъамандон муҳокима шуданд. Ҳамчунин масъалаҳои ошкор намудани ҳодисаҳои фалокат аз истеъмоли маводи нашъаовар ва фарқияти маълумоти баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз омори расмии Вазорати тандурустии ҶТ баррасӣ шуданд.Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, соли 2011 теъдоди нашъамандони ба қайд гирифташуда нисбат ба соли 2010 баробари 73 фоиз афзудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






