Муҳокимаи масъалаҳои сарфаи нерӯи барқ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Чанде пеш кормандони Созмони ҷамъиятии экологии «Замини хурд» барои сокинони деҳаи Яврози ҷамоати Ромит семинари тавзеҳотӣ доир намуданд.Иштирокдорони семинар аз ҷумлаи фермерҳо, кормандони сохторҳои иҷтимоӣ ва соҳибхоназанон масъалаю душвориҳои марбут ба дастрасӣ аз захираҳои энергетикиро муҳокима намуданд.Экологҳо ба сокинони деҳа дар бораи усулҳои имконпазири гарм кардани хонаҳо ва технологияҳои сарфакунандаи нерӯи барқ, ҳамчунин бухориҳои барқӣ ва гармхонаҳое, ки ҳарорати офтобро истифода менамоянд, нақл карданд. Дар хотимаи семинар ҳамаи иштирокдорони он бо маводи иттилоотӣ таъмин карда шуданд. Тавре дар Созмони ҷамъиятии экологии «Замини хурд» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, алҳол якҷоя бо маркази маҳалли рушди ҷамоат масъалаи имконияти дар деҳаи Явроз сохтани гармхонаи намоишии офтобӣ мавриди муҳокима қарор дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






