Муҳокимаи масъалаҳои зеҳнӣ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 7 апрел дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар – маросими муаррифӣ намудани Лоиҳаи «Хидматрасонӣ дар бахши моликияти зеҳнӣ барои корхонаҳои тиҷорати хурду миёна» баргузор гардид. Тавре дар ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз ин лоиҳа иборат аз дастгирии иттилоотӣ, роҳандозии тадбирҳо барои такмилу рушди истифодаи омилҳои моликияти зеҳнӣ аз ҷониби корхонаҳои хурду миёна мебошад. Иштирокдорони семинар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ ва хусусияти таҳқиқи ниҳодҳои моликияти зеҳниро мавриди муҳокима қарор доданд. Лоиҳаи «Хидматрасонӣ» — ро Иттиҳоди Аврупо оид ба барномаи сармоягузории Осиёи Марказӣ бо иштироки палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон маблағгузорӣ мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






