Муҳокимаи масъалаи таъмини об ва санитария
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 26 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12 – уми Шабакаи созмонҳои оид ба таъмини устувори об ва санитария баргузор мегардад. Дар ин бора мутахассиси бахши равобит бо лоиҳаи ҷамъиятии «Таъмини об ва санитария» — и намояндагии Оксфам дар Тоҷикистон Дилафрӯз Усмонова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Дар ҷаласа намояндагони сохторҳои давлатӣ, бахши инфиродӣ, созмонҳои байналмилалию ғайриҳукуматӣ иштирок менамоянд. Рӯзномаи ҷаласа иборат аз гузориш дар бораи Форуми умумиҷаҳонии об буда ва мақсад аз он ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масоили ҷаҳонии бахши об мебошад. Ғайр аз ин иштирокдорони ҷаласа бо стратегияи экологии Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа шинос мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






