Муҳокимаи рушди косибӣ
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва ҳайати занони соҳибкори корхонаҳои косибии музофоти Гулистони Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаҳои барқарор намудани равобити байни косибони Эрону Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре дар ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳо пиромуни дар Тоҷикистон бунёд намудани корхонаҳои муштараки қолинбофӣ ва имконияти дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Эрон гузаронидани семинарҳои амалӣ муҳокима шуданд.Ба гуфтаи Шариф Саид, дар Тоҷикистон барои ташкили корхонаи қолинбофӣ ашёи хом аз қабили пахта, пашм, калоба, пӯст ва пилла ба қадри кофӣ мавҷуд аст. Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки ин на фақат ба таъмини занони минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ бо ҷойҳои нави корӣ, балки ба рушди соҳибкории занона ҳам мусоидат хоҳад намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






