Муҳокимаи усулҳои ҷилавгирии шиканҷа
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ба манзури иҷрои корҳои тавзеҳотӣ ва роҳандозӣ намудани семинари омӯзишии «Механизмҳои байналмилалию миллӣ ҷиҳати ҷилавгирии шиканҷа» 4 апрел вохӯрии ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо аъзои гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси Суди конститутсионии ҶТ Маҳкам Маҳмудов, сардори Раёсати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералии ҶТ Маризо Халифазода ва мушовири оид ба ҳуқуқҳои инсони дафтари Комиссариати олии СММ дар Тоҷикистон Лилия Захариева баргузор гардид. Маҳкам Маҳмудов дар ҷараёни иҷлосия зикр намуд, ки дар Тоҷикистон барои ҷилавгирии азобу шиканҷа заминаи мукаммали қонунию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъи истифодаи усулҳои шиканҷаро дар Тоҷикистон кафолат медиҳад. Маризо Халифазода иброз дошт, ки алҳол бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шудааст. Мувофиқи суханони мушовири оид ба ҳуқуқҳои инсони дафтари Комиссариати олии СММ дар Тоҷикистон Лилия Захариева, роҳандозӣ намудани чунин вохӯриҳо на фақат кормандони сохторҳои дахлдорро бо мафҳумҳои асосии Конвенсияи зидди азобу шиканҷа шинос менамояд, балки як навъ ҷилавгирии ҷиноятҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ маҳсуб мешавад. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






