Муаррифии дурдонаҳо дар ганҷина
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-13 апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии китобҳои «Наврӯз- падидаи фарҳанги ҷаҳонӣ», «Китобномаи Наврӯз», «Сабкшиносӣ»-и Маликушшуаро Баҳор, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ ва нусхаҳои электронии нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар чорабинии мазкур олимону донишмандони тоҷик доир ба паҳлӯҳои гуногуни китобҳои тозанашр ва нақши нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» дар худшиносӣ ва ташаккули миллати тоҷик табодули назар намоянд. Мавриди зикр аст, ки 11 марти соли равон аз нашри нахустин рӯзнома бо забони тоҷикӣ –«Бухорои шариф» 100 сол сипарӣ гардид. Санаи 11 март ҳамасола дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






