Муаррифии китоб дар бораи Наврӯз
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ муаррифии китобҳои «Китобномаи Наврӯз», «Сабкшиносӣ» — и Маликушшуаро Баҳор, «Таърихи Бухоро» — Абӯбакри Наршахӣ, ҳамчунин китобҳои интишорнамудаи олимони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Мураттибони ин китобҳо олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҶТ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази илмии байналмилалии фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ ба номи Борбад мебошанд. Баъди маросими муаррифии китобҳо конфронси илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «100 – солагии нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки ҳоло дар китобхонаи миллӣ аз ҷумлаи 153 нусхаи рӯзнома 119 нусхааш боқӣ мондааст.- Рӯзномаи «Бухорои Шариф» ҳамагӣ қариб 10 моҳ амри вуҷуд дошта бошад ҳам, вале ба барқароршавии журналистикаи тоҷик, ки баъдан онро рӯзномаю маҷаллаҳои сершумори кишварамон рушду густариш бахшиданд, таъсири зиёде расонид, — гуфт директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Н.Салимов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






