Мулоқот Э. Раҳмон бо намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Бегоҳии рўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеширо ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ба поён расидани муҳлати фаъолияти Ҷоҷи Токеши дар Тоҷикистон ба кори сесолаи ў баҳои баланд дод.Тавре иттилоъ дода шуд, аз соли 1998 ба ин сў аз ҷониби Бонки Осиёии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 860 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кўмаки техникӣ ҷудо гардидааст, ки 350 миллиони он ба 3 соли охир рост меояд.Ҷоҷи Токеши, ки минбаъд намояндаи Бонки осиёии рушд дар Афғонистон хоҳад буд, дар навбати худ изҳор дошт, ки минбаъд низ бо Тоҷикистон ҳамкории худро идома хоҳад дод.Тавре зикр гардид, бисёр лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавҷуданд, ки ба рушди ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа равона гардидаанд ва Бонки осиёии рушд дар татбиқи онҳо иштироки фаъол хоҳад дошт.Азми устувори Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ба пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикии Тоҷикистону Афғонистон бо Туркманистону Покистон, аз ҷумла доир ба кашидани хатҳои барқу газ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард, таъкид гардид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






