Мулоқоти Қ. Расулзода бо сафири Белорус
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук мулоқот анҷом дод. Қоҳир Расулзода ташрифи сафирро дар эҳёи робитаҳои собиқа, ки барои рушди ҳамкориҳо мусоидат менамоянд, басо муҳим шуморид. Ӯ бо номи яке аз фарзандони шуҷои тоҷик- Домулло Азизов, Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ номгузорӣ шудани яке аз мактабҳои Ҷумҳурии Белорусро тасдиқи муносибатҳои неку собиқадори ду кишвар баён кард. Ҳамчунин густариши минбаъдаи ҳамкориҳои вилояти Суғдро бо тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Белорус, аз ҷумла дар соҳаҳои мошинсозӣ, мебелсозӣ, коркарди маҳсулоти чармӣ ва саноати хӯрокворӣ зарур шуморид.Олга Гаврук қайд намуд, ки Ҷумҳурии Белорус аз бузургтарин истеҳсолкунандаи техникаи хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб рафта, 8 фоизи тракторҳои дар ҷаҳон истеҳсолшавандаро таъмин мекунад. Ғайр аз ин 3 фоиз мошинолоти бузурги кӯхканиро низ ин кишвар ба бозори ҷаҳонӣ содир менамояд. Дар истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз қабили панир, равғани растанӣ ва қанд мавқеи устувор дорад. Ҳамчунин дар мулоқот ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар тамоми самтҳо омода будани Ҷумҳурии Белорусро бо вилояти Суғд изҳор дошт.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар поёни мулоқот созишномаи дуҷониба ҷиҳати вусъати ҳамкориҳои судманд ба имзо расид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






