Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо вакили Сарвазири Шоҳигарии Бутон
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 25 апрел дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вакили махсуси Сарвазири Шоҳигарии Бутон доктор Кизинг Дорҷи ва сардори Идораи вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Бутон Дома Тшерринг баргузор гардид. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаи роҳандозӣ намудани ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодиёт, гидроэнергетика, кишоварзӣ, маориф ва сайёҳӣ, ҳамчунин имконияти барқарор намудани муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Бутонро мавриди муҳокима қарор доданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






