Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лавров

Апрель 24, 2012 13:51

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот паҳлӯҳои гуногуни муносибот ва ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Бо ишора ба хислати стратегӣ ва дарозмуддати шарикии Тоҷикистону Русия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Тоҷикистон маҷмӯи пурраи шарикӣ бо Русияи аз ҳама ҷиҳат ба мо наздикро самти муҳимтарини сиёсати хориҷии худ мешуморад. Мо ба таҳким ва густариши бештари чунин шарикӣ ҳамаҷониба манфиатдорем». Сергей Лавров дар навбати худ изҳор намуд, ки Русия низ ба таҳкиму густариши муносиботи стратегӣ ва иттифоқчигӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст ва пайваста барои ин талош меварзад. Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамгироии сиёсии Тоҷикистону Русия дар замони воқеиятҳои нави геополитикӣ дар ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зоҳир гардид. Зимни баррасии масоили дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, пеш аз ҳама ба сатҳ ва муҳтавои ҳамкории гуманитарии ду кишвар баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла, ифтитоҳи филиали Донишакаи пӯлод ва хӯлаи Маскав дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон «тӯҳфаи пурарзиш дар арафаи 20-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия» номида шуд. Ҷонибҳо аз сатҳ ва мазмуни ҳамгироии низомию амниятии ду кишвар низ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон ба манзури дурнамои авзои минтақавӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 пурзӯр намудани онро зарур шумурданд. Бо ёдоварӣ аз имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, алоқа ва ғайра Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд: «Мо ба тавсиаи ҳамкории иқтисодии ҳамвазн бо ҳамгироии амниятӣ бо Русия манфиатдорем». Сергей Лавров густариши ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетикаро самти афзалиятноки робитаҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон номида, ҳавасмандии Русияро ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ таъкид намуд. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба беҳсозии заминаи ҳуқуқию қарордодии фаъолият ва будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ, масоили минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 24, 2012 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!