Мулоқоти М. Неъматов бо Шайх Аҳмад Ал- Фаҳад Ал- Сабоҳ
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 17 апрели соли 2012 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Ассамблеяи Генералии Ассотсиатсияҳои Кумитаҳои олимпӣ (ANOS) ва форуми дуюми ҷаҳонии варзиши олимпӣ баргузор гардид. Дар кори он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –ноиби аввали Кумитаи миллии олимпӣ Маликшо Неъматов иштирок намуд. Дар баробари масъалаи вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти сохтори давлатии варзишӣ ва кумитаҳои олимпӣ, федератсияҳои варзишӣ, инчунин интихоботи Президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои олимпӣ баргузор гардид. Дар натиҷа бо дастгирии 204 кишвари иштирокчӣ раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал- Фаҳад Ал- Сабоҳ Президенти Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ интихоб гардид. Маликшо Неъматов дар мулоқоти Шайх Аҳмад Ал- Фаҳад Ал- Сабоҳро барои ба вазифаи сатҳи баланд интихоб шуданаш аз номи Президенти Кумитаи миллии олимпиии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт. Шайх Аҳмад Ал- Фаҳад Ал- Сабоҳ дар навбати худ изҳори миннатдорӣ карда, омодагии пурраи худро барои рушди ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.Ёдовар мешавем, ки миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Осиё, ки роҳбариашро Шайх Аҳмад Ал- Фаҳад Ал- Сабоҳ ба ӯҳда дорад, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






