Мулоқоти М. Убайдуллоев бо митрополит

Апрель 4, 2012 16:25

Душанбе, 4 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев митрополит Викентий- сардори ҳавзаи Осиёимиёнагии митрополити Калисои православии русро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Маҳмадсаид Убайдуллоев митрополит Викентийро, ки ҳамзамон садорати митрополити Калисои православии рус дар Душанбе ва Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, барои таъин шуданаш ба ин вазифа шодбош гуфта, изҳори боварӣ кард, ки идомаи фаъолияти ӯ ба ин вазифа баҳри таҳкими фазои ҳамзистии осоиштаи мӯътақидони дини насронӣ ва кулли пайравони намояндагони дину мазҳабҳои гуногун, ки дар Душанбе иқомат доранд, мусоидати бештар менамояд.  Митрополит Викентий аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқот бо Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори сипос намуда гуфт, ки ҷониби ӯ тамоми зарфиятҳояшро барои густариши ҳамзистии осоиштаи пайравони дини насронӣ бо дигар намояндагони таркиби иҷтимоию динии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистон равона хоҳад кард.Шавкат Саидов, котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мулоқот дар фазои хусни тафоҳум ва созанда сурат гирифта, дар он Юрий Попов, сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҳузур дошт.

Апрель 4, 2012 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!