Мулоқоти сардорони ситодҳои асосӣ
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 5 апрел дар шаҳри Остонаи Қазоқистон иҷлосияи сардорони ситодҳои асосии Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Дар кори иҷлосия аъзои ҳайатҳои ситодҳои асосии Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия ва Украина иштирок намуданд.Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷлосия сардори ситоди асосии Вазорати мудофиаи ҶТ Равил Нодиров намояндагӣ намуд. Дар ҷараёни иҷлосия чордаҳ масъала аз рӯи самтҳои мухталифи ҳамкории ситодҳои асосии Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мувофиқи хабари васоити ахбори оммаи Қазоқистон, иштирокдорони иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкории қӯшунҳои муҳандисии Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои Иттиҳод ҳангоми безарар гардонидани минаҳоро муҳокима намуда, тартиби гузаронидани машқҳо барои мубодилаи иттилоот перомуни вазъиятҳои радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологиро муайян карданд.Мақсад аз қарорҳои дар ҷараёни иҷлосия қабулшуда такмили низоми ҳамкории бисёрҷонибаи ҳарбӣ дар дохили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки ин ба рушди ҳамкории устувор дар соҳаи ҳарбӣ мусоидат менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






