Мулоқоти Сарвазир бо аъзои Кумитаи тадорукоти ҷашни Иҷлосияи 16-ум

Апрель 26, 2012 17:13

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Оқил Оқилов нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре ки таъкид шуд, ҳайати Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст. Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар саросари мамлакат баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишию оммавӣ, ташкили нишасту конфронсҳои илмӣ, таҳияи китобу асарҳо ва намоиши аксу мусаввараҳо дар назар дошта шуда, сохтмону навсозӣ ва тармиму таҷдиди 260 иншооти гуногуни ҷашнӣ пешбинӣ шудааст. Оқил Оқилов аъзои Кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори давлатиро вазифадор кард, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва омодагии ҳамаҷониба гузаронидани ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои нишондодҳои чорабиниҳои таҳияшударо дар мӯҳлатҳои муайяншуда таъмин намоянд.

Апрель 26, 2012 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд