Мулоқоти Сарвазир бо аъзои Кумитаи тадорукоти ҷашни Иҷлосияи 16-ум
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре ки таъкид шуд, ҳайати Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст. Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар саросари мамлакат баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишию оммавӣ, ташкили нишасту конфронсҳои илмӣ, таҳияи китобу асарҳо ва намоиши аксу мусаввараҳо дар назар дошта шуда, сохтмону навсозӣ ва тармиму таҷдиди 260 иншооти гуногуни ҷашнӣ пешбинӣ шудааст. Оқил Оқилов аъзои Кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори давлатиро вазифадор кард, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва омодагии ҳамаҷониба гузаронидани ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои нишондодҳои чорабиниҳои таҳияшударо дар мӯҳлатҳои муайяншуда таъмин намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






