Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо интихобкунандагон
Рашт, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).-Сафари кории раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар минтақаи Рашт идома дорад. Аввалин вохӯрии ӯ бо интихобкунандагон дар ноҳияи Рашт рӯзи 27 апрели соли равон доир гардид. Шукурҷон Зуҳуров дар назди интихобкунандагон сухан гуфта, доир ба мазмуну мӯҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муффасал ҳарф зад. Мақсад аз сафари мазкур фаҳмонидани мӯҳтавои Паём ба мардуми минтақаи Рашт мебошад. Чунин мулоқот дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Ҷиргатол, Нуробод ва Тавилдара низ дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






