Мулоқоти вазири корҳои хориҷии ҶТ бо сафири ҶМЧ
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 9 апрел вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Душанбе бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Фан Сянжун мулоқот анҷом дод.Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди таҷлили «Наврӯз — 2012» ва «Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон» изҳори қаноатмандӣ намуданд.Ҷонибҳо масъалаҳои хамкории минтақавиро мавриди муҳокима қарор дода ва аз рӯи масъалаҳои муҳиме, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, табодули афкор намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






