Муроҷиатҳои беимзо беҷавоб мемонанд

Апрель 6, 2012 15:32

Душанбе, 6 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо ворид намудани калимаи «имзо» дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», ки он тартиби ба расмиятдарорӣ ва баррасии муроҷиати шаҳрвандонро тасҳеҳ мекунад, минбаъд ариза ва муроҷиати бидуни имзои шаҳрвандон ё худ беном дар Тоҷикистон таҳқиқ ва баррасӣ намегардад. Аз ин рӯ талаботи имзо дар муроҷиатҳо ба мақсад мувофиқ аст. Қонуни мазкур аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат-Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул гардид. Галия Рабиева, муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мегӯяд: лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси омӯзиши таҷрибаи баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва таҳлили муқоисавии қонунҳо таҳия шудааст. Вакили парлумон афзуд, ки дар таҷрибаи корӣ борҳо мушоҳида шудааст, ки муроҷиатҳои беимзо ҳақиқати воқеӣ надошта, ҳангоми санҷиш муаллифони онҳо номаълум мемонанд. Инчунин бо мақсади пурзӯр намудани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, иҷрои муқаррароти санадҳои ҳуқуқию байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба сархати панҷуми моддаи 7 баъд аз калимаи «шикоят» калимаҳои «бо забони давлатӣ ё забони муоширати байни миллатҳо» илова карда мешавад. Инчунин дар қонуни мазкур тартиби алоҳида барои ҷавоби муроҷиатҳо пешбинӣ карда мешавад. Галия Рабиева гуфт, ки тадқиқоти ҷомеашиносие, ки аз сӯи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ анҷом дода шуд, далели он аст, ки дар Тоҷикистон қариб 30% аҳолӣ, ки намояндагони миллатҳои дигар мебошанд, забони тоҷикиро хуб намедонанд. Дар сурати ворид намудани чунин тағйирот шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки дар бораи натиҷаҳои баррасии шикояташон бо забони ба онҳо фаҳмо, яъне бо ду забон аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҷавоби хаттӣ гиранд, ки ин барои мустаҳкамии муносибатҳои байни миллатҳо дар кишварамон мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон моддаи 16-и қонуни мазкур ба моддаҳои 135, 136 ва 189 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ва дар таҳрири нав ифода карда мешавад.

Апрель 6, 2012 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад