Муроҷиати Шӯрои иттифоқҳои касаба ба корфармоён
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон 1 –уми май муроҷиатнома қабул кард.Дар муроҷиатнома аз ҷумла омадааст: «Аз корфармоёну соҳибкорони ватанӣ хоҳиш карда мешавад, ки барои сазовор истиқбол намудани Иди 1-уми май, рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ба пардохти саривақтии маоши кормандон монеа эҷод накарда, оид ба пӯшонидани қарзҳои музди меҳнат чораҳои амалии мушаххас андешанд ва дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарсторон, маъюбон, ки ба дастгирию кӯмакҳои моддӣ эҳтиёҷманданд, дар рӯзҳои пеш аз Иди 1-май хайрхоҳӣ намуда, ёрӣ расонанд.Ҳамчунин Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо камоли боварӣ изҳор менамояд, ки мақоми иттифоқҳои касаба, сарварони идораю корхонаҳо, муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ кӯмак ва сарпарастиҳои хешро дареғ надошта, нисбат ба оилаҳои камбизоат ва ашхоси ниёзманд бо иқдомҳои некбинона кӯмак расонида, ҷашнвораҳои таърихии дар пеш истода, аз ҷумла 15- солагии Эҳёи Ваҳдати миллӣ ва 20-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии ҶТ–ро бо тӯҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз гиранд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






