Мушкилоти мардум осон мегардад

Апрель 27, 2012 15:54

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Лоиҳаи «Рушди деҳот» аз моҳи сентябри соли 2007 ба фаъолият оғоз намуд. Мақсади асосии лоиҳа дастгирии соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, тақвияти инфрасохтори маҳал ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мебошад. Лоиҳаи «Рушди деҳот» дар пешбурди сиёсати аграрии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар ривоҷи соҳибкорӣ ва беҳтар намудани ҳолати муҳити зист ҳиссагузор аст.Ба наздикӣ зерлоиҳаи «Сохтмони хатти оби нӯшокӣ»-и деҳаи Тахти Алиф дар ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод мавриди истифодаи аҳолӣ қарор гирифт. Баробари ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ зиёда аз 1300 нафар бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд. Канали байнихоҷагии деҳаи Навободи ҷамоати ба номи Абдулвосиеви ноҳияи Ваҳдат барқарор карда шуд, ки аз оби ин канал зиёда аз 120 хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти пурсамар доранд. Барқарор ва мустаҳкам намудани кулли роҳҳои мошингузар дар километри 4-уми роҳи Чорбоғ, Чормағзакони ноҳияи Варзоб ба анҷом расид.

Апрель 27, 2012 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад