Мусодираи маводи нашъаовар
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бар асари се амалиёт дар ҳудуди ҷумҳурӣ қариб 4 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Назар ба хабари Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, кормандони милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз сокини 44 – солаи ноҳияи Варзоб беш аз 3 килограмм афюнро мусодира карданд.18 апрел дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов аз сокини 31 — солаи ҷамоати Янгиҳаёти ноҳияи мазкур қариб 600 грамм афюн мусодира гардид. Худи ҳамон рӯз сокини 35 – солаи пойтахти кишвар дастгир шуда ва аз ӯ 107 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид. Аз рӯи ҳамаи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






