Мусодираи маводи нашъаовар дар Суғд
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Презхиденти ҶТ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд қариб 4 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.Тавре дар агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯи фаврӣ мошини сокини 34 – солаи шаҳри Истаравшан боздошта шуд. Ҳангоми аз назаргузаронии мошин аз он 5 бастаи дорои маводи нашъаовар пайдо гардид, ки вазни умумии он 4 килограммро ташкил медиҳад.Дар натиҷаи амалиёти иловагӣ иштирокчии дигари ин ҷиноят сокини 42 – солаи ноҳияи Мастчоҳ низ дастгир шуд. Шӯъбаи тафтишоти раёсати мазкур аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, шахсони дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққатии раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд қарор доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






