Нақби Шаҳристон
Суғд, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Дар иншооти бузурги иртиботии мамлакат — нақби «Шаҳристон» корҳои нақбканию сохтмонӣ дар ду самт – қисмати ҷанубу шимол ҷараён доранд. Коргарону мутахассисони тоҷику чиноӣ ағбаи Шаҳристонро дар мавзеи Қумбел шикофта, корҳои пармакунӣ, таркишу мустақаҳкамкунӣ, бетонрезӣ ва роҳсозиро дар нақб суръат мебахшанд. Ҳар рӯз аз ду ҷониби иншоот 10 — 12 таҷҳизоти пармакунӣ фаъолият мекунад. Иншоот дар асоси Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд мегардад, арзиши лоиҳавиаш 175 млн. сомонӣ, дарозии нақби мошингард 5 ҳазору 153 метр ва дарозии нақби ҳаводиҳанда 5 ҳазору 289 метр аст.Барои пайвасти ҳар ду қисмат дар нақби мошингузар 72 метр ва дар нақби ҳаводиҳанда 28 метр боқӣ мондааст. Бино ба иттилои роҳбари лоиҳа Сон Ли Ҷон дар мӯҳлати наздиктарин пайвасти нақб, яъне кушодани нақб ба вуқӯъ мепайвандад. Корҳои сохтмонӣ то охири соли равон пурра ба анҷом мерасанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






