Нақши ҷавонони эҷодкор дар ҷомеа
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 11 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ бо ибтикори Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию назарӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонони эҷодкор дар ҷомеа» баргузор гардид. Дар конфронс 340 нафар ҷавони фаъолу эҷодкор аз тамоми макотиби олии пойтахт ширкат варзиданд. Дар толор намоишгоҳи дастовардҳои эҷодӣ ва ихтирооти ҷавонон ташкил шуд, ки иштирокчиён бо он шинос шуданд. Иштирокчиёни конфронс доир ба мавзӯъҳои «Созандагони Ватан» — нерӯи нави ҷомеа», «ҲХДТ ва ҷавонони эҷодкор», «Сиёсати давлатии ҷавонон, ҳолат ва пешомадҳо», «Мақоми ҷавондухтарони эҷодкор дар ҷомеа», «Ҷавонон ва технологияи муосир» сухан гуфтанд. Дар ҷараёни конфронс барои иштирокдорон тасвири видеоии чорабиниҳое, ки ташкилоти «Созандагони Ватан» созмон додааст, тақдим гардид. Миёни ҷавонон ва меҳмонон муколама доир гардид ва ҷавонон вобаста ба масоили дахлдори ҳаёти худ ва мушкилоти ҷойдошта ҳарф заданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






