Нафақахӯрон аз кӣ миннатдоранд?

Апрель 19, 2012 10:03

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Татбиқи сиёсати афзалиятноки давлат дар самти таъмини саривақтии нафақаи шаҳрвандон дар фаъолияти Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он аст,- иброз дошт директори агентии мазкур Раҷабалӣ Дамонов ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба гуфти Р. Дамонов, дар семоҳаи якуми соли 2012 нақшаи андози иҷтимоии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағи 282 млн.261,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд. То 6-уми апрели соли ҷорӣ ба буҷети агентӣ ба миқдори 300 млн. 398 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки он аз нақшаи пешбинишуда 18 млн. 737 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Бо назардошти хароҷоти ташкилоту корхонаҳо, нафақа ва кӯмакпулиҳо дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 301 млн. 226,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он пурра маблағгузорӣ карда шудааст. Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тавонист, ки низоми пардохти саривақтии нафақаро моҳ ба моҳ таъмин намояд. Нафақахӯрон аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ҳамчунин аз муассисаҳои Бонки давлатии «Амонатбонк» барои пардохти саривақтии нафақа изҳори сипос намуданд.Дар айни замон шумораи нафақахӯрон дар кишвар (бе назардошти шумораи нафақахӯрони корманд) 556 ҳазору 740 нафарро ташкил медиҳанд.

Апрель 19, 2012 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд