Нахустин ҷаласаи ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳр
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нахустин ҷаласаи ситоди шаҳрии омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирӣ аз эҳтимолияти оқибатҳои офати табиӣ, хусусан селборишҳои мавсимӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ширкати намояндагони идораҳои марбутаи кишвар доир гардид. Маҳмадсаид Убайдуллоев аъзои ситодро бо хулосаи санҷишҳои анҷомдодаи комиссияҳои депутатӣ доир ба ҳолати каналу селпартоҳо ва дигар иншооти ирригатсионии аз марзи шаҳр убуркунанда шинос намуда, ба масъулини субъектҳои соҳибтавозун барои рафъи онҳо дар мӯҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки раисони ноҳияҳо ва Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и пойтахт бидуни саҳлангорӣ дар ҳамкорӣ бо шахсони воқеиву ҳуқуқие, ки аз ҳудуди иншооташон каналу селпартоҳо мегузаранд, барои дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани онҳо тадбирҳои воқеӣ андешанд. Ба сардорони ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он якҷоя бо дигар сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки ҳолати иншооту манзилҳои истиқоматиро, ки дар қисмати доманаҳои осебпазири шаҳр ҷойгиранд, мавриди ташхис қарор дода, аз натиҷаи он ба шаҳрдорӣ пешниҳод ироа созанд. Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, ки раисони ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки корҳои тарғиботиро миёни шаҳрвандон ҷиҳати тоза нигоҳ доштани каналу селпартоҳо тақвият бахшанд ва фаъолияти ситодҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявиро ба таври шабонарӯзӣ тибқи муқаррароти қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба роҳ монанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






