Намоишгоҳҳои таълимии «Аҳмадсоз»

Апрель 20, 2012 16:13

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам).- Имрӯз ширкати муштараки Тоҷикистону Малайзия «Аҳмадсоз» VI-умин намоишгоҳи байналмилалии таълимиро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Малайзия ва Палатаи савдою саноати ҶТ баргузор намуд. Дар намоишгоҳ сафири Малайзия, намояндагони Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, намояндаи дастгоҳи ичроияи Президенти ҶТ ва роҳбарони Донишгоҳҳои Британияи Кабир, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди давлатҳои араб иштирок доштанд. Хотиррасон менамоем, ки Ширкати муштараки Тоҷикистону Малайзия соли 2008 таъсис ёфта, ҳадафи асосии ташкили ширкат пеш аз ҳама тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар равияҳои илмҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ, соҳаи муҳандисӣ, соҳаи архитектура мебошад. Азбаски ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисон ниёз дорад, роҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, ки барои омода намудани чунин мутахассисони баландихтисос бо пешрафтатарин донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ қарордод бандад. Ширкати «Аҳмадсоз» чанд сол аст, ки бо донишгоҳҳои ин кишвар шартнома дорад ва 400 нафар донишҷӯйро ба донишгоҳҳои гуногуни Малайзия, Ҷумҳурии Туркия, Чин ва дигар кишварҳо сафарбар намудааст. Бештари донишҷӯён дар барномаҳои бакалавр дохил шуда, қисми дигари онҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ таҳсил мекунанд. Ширкати «Аҳмадсоз» 6-умин намоишгоҳи таълимиро дар ҳамдастӣ бо Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Малайзия ва Палатаи савдою саноати ҶТ рӯзҳои 20-ум ва 21-уми апрел дар шаҳри Душанбе, 23-юми апрел дар шаҳри Турсунзода ва 25-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд доир менамояд.

Апрель 20, 2012 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид