Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе

Апрель 26, 2012 15:28

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Имрӯз, 26 апрел, дар маҷмаи давлатии «Коҳи Борбад» — и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи саноатию тиҷоратии байналмилалӣ кушода шуд.Намоишгоҳро ширкати «Тоҷ Экспо» дар радифи ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон доир намудааст.Дар намоишгоҳ беш аз 20 ширкати Тоҷикистон, Чин, Фаронса, Олмон, Эрон, Туркия маҳсулоти худро ба маърази намоиш мегузоранд.Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Ҳасаналӣ Карамалиев дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ зикр намуд, ки фаъолияти намоишгоҳӣ ба рушди тиҷорат ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ фоидаи зиёде меорад. Нигораҳои намоишгоҳ иборат аз масолеҳи сохтмонӣ ва техника, маводи ғизоӣ, маснуоти қаннодӣ ва ширавор, равғани растанӣ, меваи хушк ва консерв, таҷҳизоти тиббӣ, мебел, ҳамчунин маснуоти нуқрагини эронӣ мебошад.Намоишгоҳ то 29 апрели соли равон давом мекунад.

Апрель 26, 2012 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд