Намоиши техника ва маҳорати оташнишононии ВКД
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ намоиши маҳорати касбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири ин хадамоти муҳими давлатӣ баргузор гардид. Ҷараёни намоишро вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо муовинонаш, ҳайати кормандони вазорат, собиқадорон ва инчунин хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе назорат намуданд.Тавре ки сомонаи интернетии Вазорати корҳои дохилии ҶT mvd.tj хабар медиҳад, кормандони Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ тозатарин ва пуриқтидортарин техникаву таҷҳизоти замонавиро, ки дар ихтиёр доранд, намоиш дода, бо маҳорату малакаи баланди касбӣ машқҳои душвору мураккаби наҷот додани одамон аз манзилҳои баландошёна, хомӯш намудани сӯхтори маводи сӯзишворӣ, хомӯш намудани сӯхтор бо моеъҳои махсуси кимиёвӣ, бо зинаҳо баромадан ба биноҳои баландошёна ва истифодаи техникаҳои вазнину пуриқтидор дар ҷойҳои душворгузару мушкилро дар сатҳи баланд иҷро намуданд.Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ба малакаву касбияти оташнишонон баҳои баланд дода, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳамаи ин таҷҳизоти техникаҳои пуриқтидори оташнишонӣ самараи истиқлоли кишвар буда, бо дастгириву мусоидати бевоситаи Сарвари давлат дастрас шудаанд.Вазири корҳои дохилӣ як гурӯҳ кормандони хадамотро бо ҷоизаҳо сарфароз намуд ва дар ин радиф ду нафар хонандагони мактаби таҳсилоти умумии №28-и ноҳияи Синои шаҳри Душанберо, ки барои касби душвору пурифтихори оташнишонӣ аз худ ҳавасу самимият нишон доданд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






