Намояндагони пойтахт ба Найробӣ мераванд
Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-8-11 майи соли равон дар пойтахти Кения, шаҳри Найробӣ ҷаласаи машваратии шаҳрҳое, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ «Шаҳрҳои амн ва рафоқат барои ҳамагон» интихоб гардида буданд, баргузор мешавад. Душанберо дар ҷаласа муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев ва директори Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» — Шаҳло Ҷӯраева намояндагӣ мекунанд. Мавриди зикр аст, ки дар радифи Душанбе, инчунин шаҳрҳои Бейрут (Лубнон), Метро Манила (Филлипин), Марокаш (Марокко), Найробӣ (Кения), Рио-де Жанейро (Брзалия), Сан-Хосе (Коста-Рика), Тегусигалпа (Гондурас) ба макони татбиқи иқдомоти глобалии мазкури СММ интихоб шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






