Нашъаҷаллобон 14-солӣ маҳкум шуданд

Апрель 20, 2012 14:41

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар толори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судӣ нисбат ба шаҳрвандон –сардори дидбонгоҳи сарҳадии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, лейтенант Наҷибулло Носиров ва Диловар Даматов, прапоршики ҳамин дидбонгоҳ таҳти раисии судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Исмоил Мирмахсумов ба анҷом расид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, суди ҳарбии гарнизони Хатлон Д. Даматов ва Н. Носировро барои содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 200 қисми 4 банди «д», яъне барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани миқдори махсусан калон, ки аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД дастгир гардида буданд, гунаҳкор донист ва нисбат ба Д. Даматов ва Н. Носиров ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 14-солӣ, бо мусодираи молу мулк, бо нигоҳ доштан дар калонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт ҷазо таъин намуд. Даматов ва Носиров 31 январи соли равон барои нигаҳдорӣ ва интиқоли миқдори махсусан калони моддаи нашъадори навъи ҳашиш аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД дастгир шуда буданд.

Апрель 20, 2012 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад